Кӯмакхоҳии китобфурӯшҳои рондашудаи Душанбе аз Рустами Эмомалӣ

Китобфурӯшҳои беҷомондаи Душанбе аз шаҳрдор Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки дар пайдо кардани макони нави китобфурӯшӣ ба онҳо кӯмак намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Китобфурӯшҳо дар  ошёнаи аввали бинои маъруф ба номи "Пойтахт", ки дар хиёбони Рӯдакӣ, маркази  Душанбе ҷойгир аст, изҳор медоранд, ки соҳибмулки нави бино аз онҳо хоҳиш кардааст, ҷойро холӣ кунанд.

Вазири фарҳанг: дар ҷомеаи навини тоҷикон китобу китобхонӣ мавқеашро гум накардааст

"Аввал се рӯз муҳлат доданд, баъдан боз чор рӯзи дигар зам намуданд, ки мо ҷойҳоро холӣ кунем. Аммо барои холӣ кардани ҷой ва пайдо намудани нуқтаи дигари китобфурӯшӣ вақт кам аст. Ҷойи ҳозираамон дар пойтахт давоми солҳои охир ҳамчун макони китобфурӯшӣ маъруф гардида буд. Мардум ин маконро ҳамчун маркази асосии китобфурӯшӣ мешиносанд", — изҳор дошт яке аз тоҷирони китоб.

Ӯ таъкид кард, ки соҳибмулки нави бино масъалаи боло бурдани нархи иҷораро низ баррасӣ кардан намехоҳад ва қотеона талаб дорад, ки ҷойро холӣ кунем.

Ба гуфтаи китобфурӯшон бо мақомоти шаҳрдории Душанбе, ки соҳибмулки бино ҳисоб мешуд, то охири соли равон шартнома доштанд. Аммо ин бино ахиран ба соҳибмулки нав фурӯхта шуда, шартномаашон яктарафа бекор гардидааст.

Китобфурӯшҳои беҷомонда тариқи як мактуб аз шаҳрдор Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардаанд, ки агар ҳифзи ин макон ҳамчун маркази китобфурӯшӣ ғайриимкон бошад,  барои холӣ кардани ҷой ба онҳо фурсати бештар диҳанду барои пайдо кардани ҷойи нави мувофиқ мусоидат намояд.