Тасмими имзои Ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва “Узбаккино”

Дар Тоҷикистон 15–17 сентябри соли равон рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар доираи он қарор аст “Тоҷикфилм” ва “Узбаккино” ёддошти тафоҳум ба имзо расонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин бора муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон, рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Рӯзҳои синамои Узбакистон дар Тоҷикистон 15 сентябр дар "Кохи Наврӯз" шурӯъ мешавад.

Дар рӯзҳои синамои Узбакистон барои тамошобинон филмҳое пешниҳод мешаванд, ки синамогарони узбак дар даҳ солаҳои охир ба навор гирифтаанд.

Ба иттилои манбаъ, 15 сентябр, соати 18:30 дар толори кинотеатри Кохи Наврӯз филми "Барон" ба намоиш гузошта мешавад.

Инчунин намоиши филмҳои гуногуни узбакӣ дар кинотеатрҳои мухталифи Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад. Барои мисол, 16 сентябр, соати 10:00 дар кинотеатри "Зебуниссо", соати 11:00 дар кинотеатри "Лоҳутӣ"-и шаҳри Бохтар, соати 14:00 дар кинотеатри "Ватан" ва соати 17:00 дар кинотеатри "Зебуниссо" ба намоиш гузошта мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст, 17 сентябр миёни Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ва Агентии миллии "Узбаккино", Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.