Русия ба маркази маърифатии масеҳӣ дар Тоҷикистон 1 миллион доллар ҷудо кард

Маблағҳои ҷудошудаи ҳукумати Русия барои барои татбиқи барномаи кӯмак ба маркази маърифатии масеҳӣ дар Душанбе равона хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Русия барои маркази маърифатии масеҳӣ дар Душанбе то як миллион доллар ҷудо мекунад, гуфта шудааст дар қарори Ҳукумати Русия.

Таъкид шудааст, ки ин пардохти иловагии Русия бар замми маблағҳое мебошад, ки соли равон барои татбиқи барномаи рушди СММ ҷудо шудаанд.

Тибқи қарори мазкур маблағҳое, ки аз буҷаи Русия ҷудо шудааст, барои татбиқи барномаи расондани кӯмаки техникӣ ба маркази маърифатии масеҳӣ дар Душанбе равона хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки маркази маърифатии масеҳӣ дар ихтиёри калисои православии Русия дар шаҳри Душанбе буда, сохтмонаш дар соли 2017 шурӯъ шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор масеҳӣ ба сар мебарад. Дар Тоҷикистон 6 калисо ва хонаҳои ибодати масеҳӣ мавҷуд аст.