Ҷанҷоли наврасони 15-сола ҳангоми тӯй дар рӯзи Истиқлол бо марг анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷанҷоли наврасон дар тӯй бо ҳалокати як нафар анҷомид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурини милиса писарбачаи 15-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархорро дастгир кардаанд, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда  9-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 21:30 дар тӯйи ҷавони  23-сола бо ҳамсоли дигараш ҷанҷол ва занозанӣ кардааст.

"Боздоштшуда дар пайи муноқиша писарбачаи 15-сола,  сокини ҷамоати деҳоти Гулшани ҳамин ноҳияро  бо дасту пояш зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.