Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон борон, раъду барқ ва ҷангу ғубор дар назар аст

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 24+29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-8 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Шабона +12 +17 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.