Узбакистон ба шумораи нӯҳрақамаи телефонӣ мегузарад

То охири соли равон ҳамаи шумораҳои телефонҳои Узбакистон ба нӯҳрақама табдил меёбанд – рамзи дурақамаи шаҳр ба шумораи муштарӣ илова карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Узбакистон шурӯъ аз рӯзи душанбе — 10 сентябр то охири соли 2018, ба шумораҳои нӯҳрақамаи телеонӣ мегузарад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсия ҷумҳурӣ.

"Шурӯъ аз 10-уми сентябри соли равон то охири соли 2018, шабакаҳои телекомуникатсионии ҷумҳурӣ ба шумораҳои нӯҳрақамаи мегузарад", — гуфт манбаъ.

Аз ҷумла шаҳри Тошканд ва вилояти он то моҳи октябри соли равон пурра ба низоми нӯҳрақама мегузаранд.

Тошканд сабукӣ доду Туркманистон монеа гузошт: ба Ишқобод чӣ нафорид?

То охири сол тамоми шумораҳои телефонҳои Узбакистон ба нӯҳрақама табдил меёбанд — рамзи дурақамаи шаҳрҳо ба шумораҳо муштариён илова карда мешавад. Аммо тартиби алоқа бо хадамотҳои таъҷилӣ ва шумораҳои кутоҳи чоррақама бетағйир хоҳад монд, таъкид кардааст Вазоорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Узбакистон.

Муштари барои ба шаҳри Тошканд аз дохили кишвар занг задан боя рақами "71"-ро ба шумораи ҳафтрақама илова кунад. Айни барои ба пойтахти Узбакистон занг задан муштари бояд рақам 0 мегирифт ва баъд боз се рақами дигар "371"-ро илова мекард.

Дар Тошканд Хонаи савдои Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Иқдоми мазкур тибқи тависаи "Иттиҳодияи байналмилалии шабакаҳои алоқа ва ва талабот "Низом ва барномаи рақамгузории шабакаҳои телекомуникатсионии Узбакистон" сурат гирифтааст, таъкид кардааст вазорат.

Тибқи маълумоти хадамоти алоқаи Узбакистон, бо гузашт низоми нав рақамҳои телефонии озод пайдо мешавад. Дар ҳоли ҳозир миқдори рақамҳои озоди мобилӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст.