Ифтитоҳи се хатсайри нави автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон

Нархи роҳкиро дар хатсайрҳои мазкур аз 20 ҳазор то 70 ҳазор сум яъне аз 2,5 то 9 долларро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тоҷикистону Узбакистон се хатсайри нави автобусҳо "Термиз — Душанбе", "Деҳнав — Душанбе" ва "Самарқанд — Панҷакент", — ро ифтитоҳ намуданд, иттилоъ додааст хабаргузории  РИА Новости.

Масоҳати роҳ аз Термиз то Душанбе, 251 километр буда тақрибан панҷу ним соат вақтро дар бар мегирад. Роҳкирои хатсайри мазкур 70 ҳазор сумро ташкил мекунад.

Хатсайри Деҳнав — Душанбе, масоҳаташ 107 километр буда, беш 2 соат вақтро дарбар мегирад. Роҳкирои ин хатсайр 40 ҳазор сум муайян шудааст.

Хатсайри кӯтоҳтарин "Самарқанд — Панҷакент", будааст, ки ҳамаги 64 километр буда, як соату бист дақиқаро ташкил медиҳад. Роҳкиро аз Узбакистон ба тарафи Тоҷикистон 20 ҳазор сумро ташкил медодааст.

Узбакистон барои ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод кард

Таъкид шудааст, ки мусофирон ҳангоми сафар бидуни ягон мушкилот дар давоми ним соат аз марз убур мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳаракати автобусҳои мусофиркаш дар хатсайрҳои Тоҷикистону Узбакистон аз соли 1992 инҷониб бо сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд. Инчунин дар солҳои охир дар рушди муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя беҳбудӣ ба назар мерасад.

Моҳи майи соли ҷоррӣ Тоҷикистону Узбакистон аввалин бор баъди муддатҳои тӯлонӣ ҳаракати автобусҳои мусофиркашро дар хатсайри "Тошканд —Хуҷанд — Тошканд" ба роҳ монданд.

Қарор аст ба шаҳрҳои мухталифи Узбакистон 12 хатсайри автобус ифтитоҳ шавад.

Ба кашондани мусофирон ба шаҳрҳои Узбакистон автобуҳои ширкат Asian Express ва ба Тоҷикистон автобусҳои ширкати Manzara Tourism машғул мешаванд.