Путин раиси тозаинтихоби Маскавро шодбош гуфт

Сергей Собянин бо дарёфти беш аз 70 дарсади овозҳои интихобкунандагон, шаҳрдори тозаинтихоби Маскав шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия,  Сергей Собянинро барои пирӯзиаш дар интихобот ба мақоми мири шаҳри Маскав табрик гуфт.

Тибқи иттилои хабаргузории РИА Новости, Путин тариқи телефон Собянинро шодбош гуфтааст.

"Владимир Путин ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо Сергей Собянин ӯро бо пирӯзӣ ва дарёфти мақоми шаҳрдори Маскав муборакбод гуфтааст", — омадааст дар иттилоия.

Интихоботи шаҳрдори  Маскав 9 сентябр баргузор гашт. Комиссияи интихоботии шаҳри Маскав дар пайи ҷамъбасти натиҷаҳои 99 дарсади варақаҳои интихоботӣ иттилоъ додааст, ки Сергей Собянин 72,02 фоизи овозҳоро соҳиб гаштааст.

Ин дар ҳолест, ки Собянин дар интихоботи соли 2013 ба мақоми мири Маскав,  51,37 дарсади овозҳоро соҳиб гашта буд.

Сергей Собянин аллакай ба интихобкунандагон изҳори ташаккур кардааст.