ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар барномаи таҳиякардаи "Сафина", Зикриоллоҳ Ҳакимов бо иҷрои суруд дар васфи Ватан тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлол табрик кардааст.
Гуруҳи "Шамс" низ дар барномаи консертӣ ба муносибати ҷашни Истиқлол иштирок карда, суруди дафъ бизанро бо шеваи нав пешниҳод намудааст.
Дамирбек Олимов аз овозхонҳои дигари кишвар мебошад, ки ба табрики тоҷикистониён ба муносибати ҷашни Истиқлол омадааст.
Меҳрнигори Рустам низ бо суруди ошиқона дар консерти идона ба муносибати Истиқлолият иштирок кардааст.