Ҷазои ҷавони тарбузфурӯш барои "саддоллара" хондани Анисаи 19-сола

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, Муҳаммадҷон Қурбонов, сокини 21-солаи шаҳри Душанберо барои таҳқири Аниса Иброҳимоваи 19-сола ба 5 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Аниса Иброҳимова нахуст дар фейсбук ва сипас ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат карда, аз бадахлоқии як ҷавон дар маҳаллаи "Якум Советский" шикоят кардааст.

Ҳабси писар барои дашноми модараш дар Душанбе

Ӯ изҳор доштааст, ки нисфирӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ, дар маҳаллаи 1-ум Советскийи ноҳияи Фирдавсӣ як ҷавонписар, ки ба тарбузфурӯшӣ машғул будааст, нисбаташ суханҳои қабеҳ задааст.

Маъмурини милиса муайян кардаанд, ки ҷавони мазкур Қурбонов Муҳаммадҷон, сокини 21-солаи кӯчаи Яккачинор мебошад. Ӯ дар идораи милиса гуноҳашро иқрор кардааст.

Додгоҳ Қурбоновро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст.

Ҷавондухтари ҷабрдида қаблан бо нашри як изҳорот дар фейсбук изҳор дошта буд, ки ин ҷавон бо дидани ӯ "саддоллара пайдо шуд", гӯён таҳқир кардааст.