ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Туула Юрёларо бинобар ба итмом расидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Ба гуфтаи манбаъ, Сироҷиддин Муҳриддин аз Юрёла барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуд.
"Тоҷикистон умедвор аст, ки ҷойгузини ӯ низ дар ин кишвар муносибатҳоро дар чунин сатҳи ҳамкорӣ идома хоҳад дод", — таъкид кардааст вазир.
Зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳоро бо САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки дафтари матбуоти САҲА дар Тоҷикистон рӯзи 5 сентябр бо пахши баёнияе эълон кард, ки рисолати сафирии Юрёля бо сабаби хотима ёфтани мӯҳлати кораш дар ин мақом ба анҷом мерасад.
Сафир Туула Юрёля, ки дипломати финландӣ мебошад, 1 октябри соли 2016 ба мақоми раҳбари дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон таъин шуд. Пеш аз Тоҷикистон давоми солҳои 2013-2016 дар мақоми сафири Финляндия дар Миср кор кардааст.