Путин ба Тоҷикистон меояд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон сафар хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин 27-28 сентябр ба Душанбе сафар намуда дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ иштирок хоҳад кард.

Дар ин бора ба расонаҳои хабарӣ Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия доир ба равобити байналмилалӣ иттилоъ додааст.

Коршинос дар бораи додугирифти Русия ва ИДМ бо пули миллӣ

Инчунин вай таъкид кард, ки Владимир Путин дар ахири моҳи сентябр ба Озарбойҷон ва дар моҳи октябр ба Узбакистон сафар хоҳад кард.

Юрий Ушаков, таъкид кардааст, ки дар Русия то охири сол ҳамоиши сегонаи раисониҷумҳури Русия озарбойҷон ва Иронро баргузор хоҳад кард.

"Навбати Русия аст, ки дидор баргузор шавад. Мо бо ҳамтоёни худ машварат карда, вақти муносибро муайян хоҳем кард", — афзуд кард вай.