Дилшод Назаров барои Ҷоми байниқитъавӣ-2018 рақобат мекунад

Барои сабқат дар Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup), аз осиёи маркази миёни мардон танҳо Дилшод Назаров даъват шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дилшод Назаров варзишгари тоҷик дар Ҷоми байниқитъавии (IAAF), ки рӯзҳои 8-9-уми сентябр дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи IAAF, дар мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон аз рӯи барномаи Ҷоми байниқитъавии Эътилофи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup) ба тими Осиё Ашраф Ал-Сайфӣ аз Қатар ва Дилшод Назаров аз Тоҷикистон дохил шудаанд.

Ба варзишкороне, ки дар рақобатҳои инфиродӣ ҷойҳои аз якум то ҳаштумро мегиранд, ҷоизаҳо молӣ ба маблағи аз 1000 то 30 000 доллар супурда мешавад.