Се олими тоҷик сазовори ҷоизаи Абӯалӣ ибни Сино шуданд

Се олими тоҷик – ситорашинос Светлана Герасименко, биолог Муҳиба Яқубова ва сиёсатшинос Муҳаммад Абдураҳмон барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ситорашиноси маъруфи замони шӯравӣ ва Тоҷикистон, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Светлана Герасименко, барои кашфи кометаи нави кӯтоҳдаври Чурюмов-Герасименко, ки бо сертификати Агентии кайҳонии Аврупо тасдиқ шудааст, бо ҷоиза дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника сарфарози шудааст.

"Светлана Герасименко, ки феълан дар Русия мебошад, ҷоизаро ҳанӯз нагирифтааст. Ҷоиза ба вай баъд аз баргаштанаш ба Тоҷикистон супурда мешавад", — таъкид кард манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар бахши илмҳои биологӣ, тиб ва кишоварзӣ Муҳиба Яқубова, доктори илмҳои биологӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи корҳои илмӣ дар мавзӯи "Механизмҳои адаптатсионии фаъолияти системаҳои биологӣ" соҳиби ҷоиза гаштааст.

Дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои асарҳои илмии "Муқаддамаи идеяи миллӣ" ва "Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ" барандаи ҷоиза шудаст.

Ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ду сол як маротиба тақдим карда мешаванд. Маблағи ҳар кадоме аз ҷоизаҳо тақрибан ба 3,5 ҳазор доллар баробар аст.