ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти милиса, ронанда Олимов Рустам, сокини 25-солаи кӯчаи Назаршоеви Душанбе, баъди нашри навори дашномҳои қабеҳаш боздошт гардид.
"Номбурда ҳангоми фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ ва ҳаракат тариқи роҳи пиёдагарди назди бозори Корвон бар замми он ки ба ҷавонзани пиёдагузар роҳ надодааст, боз аз автомашина фаромада нисбати ҷавонзани 22 сола бо алфози қабеҳ дашному ҳақоратҳои ғайриинсонӣ гуфта, дар ҳузури атрофиён бо дастошан ба ду тарафи руи ҷавонзан ду маротиба задааст", — омадааст дар иттилоияи мақомоти милиса.
Ронанда зимни бозпурсӣ гуноҳашро пурра иқрор кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 5 сентябр Рустам Олимовро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз ва ҷалб ба корҳои ҷамъиятӣ таъин намудааст.
Манбаъ афзуд, ки барои мусофиркашонии ғайриқонунӣ ба Олимов ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ таҳдид мекунад.
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки дар асоси супориши раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон, пешгирии чунин ҳолатҳои аз ҷониби ҷавонписарон мавриди ҳамлаҳои лафзӣ қарор гирифтани занону духтарон, баррасии муроҷиатҳои занону духтарон оид ба масъалаҳои зуроварӣ дар оила, бартараф намудани муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ дар пойтахт амалиёти профилактикии "Одоби шаҳрнишинӣ" роҳандозӣ шудааст.