Идона: Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон 1500 сомонӣ фиристод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба афроди имконияташон маҳдуди ноҳияи Рӯшон кӯмак фиристодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", кӯмаки яквақта дар ҳаҷми 1500 сомонӣ аз ҷониби масъулини дастгоҳи раисиҷумҳур ба маъюбони дараҷаи аввал ва маъюбони то 18 — сола расонда шуд.

"Масъулин кумаки яквақтаи Президенти кишварро дар ҳаҷми 1500 сомонӣ ба ҳар як  маъюби дараҷаи 1 ва маъюбони  то синни 18-сола расониданд", — омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои манбаъ дар арафи Истиқлолияти давлатӣ 553 нафар ниёзмандони ноҳияи Рӯшон аз кумаки яквақтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон баҳравар гардиданд.