Узбакистон барои ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод кард

Узбакистон ба ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон тахфифҳо ва савору пиёда кардани мусофиронро дар се шаҳри ин кишвар иҷозат додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Узбакистон аз 1 августи соли 2018 дар истгоҳҳои роҳи оҳани Термиз, Қаршӣ ва Самарқанди Узбакистон, барои фаровардан ва савор шудани мусофирон, инчунин дастрас намудани чипта барои истифодаи хизматрасонии қатораҳои мусофирбарии байналмилалии Тоҷикистон иҷозат додааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар асоси барқияномаҳои ширкати "Узбекистон темир йуллари"-и Узбакистон ба мусофироне, ки дар ҳудуди Узбакистон пешакӣ дар қатораҳои мусофирбари байналмилалии Душанбе-Москва-Душанбе, Кӯлоб-Москва-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд билет харидорӣ менамоянд, чунин сабукиҳо пешниҳод намудааст:

“ТАЛКО” ва ширкати “Krantas”-и Узбакистон ба истеҳсоли худравҳои боркаш шурӯъ мекунанд

— аз 31 то 45 рӯз пешакӣ харидоришуда —25%
— аз 30 то 4 рӯз пешакӣ харидоришуда дар вагонҳои ҳуҷрадор-20%
— аз 30 то 4 рӯз пешакӣ харидоришуда дар вагонҳои пласкартӣ-10%

Инчунин ба иттилои Вазорати нақлиёт, ширкати "Узбекистон темир йуллари" аз 15 августи соли 2018 то 31 декабри соли 2018 барои интиқоли транзитии ҳамаи намуди борҳо тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ —20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод кардааст.

Инчунин барои содироти бор аз Тоҷикистон, дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес, Қудуқлӣ-Қарақалпокистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Қарақалпокистон ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ —20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% тахфифҳо пешниҳод шудааст.