Рустами Эмомалӣ гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиевро ба “Боғи Восеъ” табдил дод

Гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба “Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ” табдил ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Бо қарори шаҳрдори шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ба "Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ" табдил дода мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдори шаҳр.

Тибқи қарори шаҳрдори шаҳр, гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино дар қитъаи замини масоҳаташ 3,20 гектар ба "Боғи фарҳангӣ-фароғатии Восеъ" номгузорӣ мешавад.

Боғи мазкур дар масоҳати 3,20 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи яке аз муовинони Раиси шаҳри Душанбе, гузошта шудааст.