Расонаҳои хабарӣ: асосгузори гурӯҳи террористии “Шабакаи Ҳаққонӣ” ба ҳалокат расид

Гурӯҳи террористии “Шабакаи Ҳаққонӣ” дар натиҷаи ҳамла ба низомиёни амрико ва биноҳои давлатӣ дар Афғонистон дар соли 2012 ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ дар Амрико дохил карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, асосгузор ва роҳбари гурӯҳи террористии "Шабакаи Ҳаққонӣ" ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст, шабакаи телевизионии Афғонистон 1TV дар истинод ба эълони гурӯҳи "Толибон".

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар давоми солҳои охир Ҳаққонӣ мариз ва бистарӣ шуда буд.

Гурӯҳи "Шабакаи Ҳаққонӣ" баъд аз ҳамла ба низомиёни амрикоӣ ва биноҳои давлатӣ дар Афғонистон дар соли 2012 ба феҳристи гурӯҳҳҳои терорристӣ дар Амрико дохил карда шудааст.
Дар соли 2012 ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба сафорати Амрико дар Кобул ҳамла карда буданд.

"Шабакаи Ҳаққонӣ" бо дигар гурӯҳҳои террористии ҳамкории наздик дорад аз ҷумла бо гурӯҳи "Толибон" ва "Ал-Қоида" (мамнуъ дар қаламрави Русия).