Дар як садама 4 нафар ба ҳалокат расид ва 4 нафари дигар маҷруҳ шуд

Садама дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” боиси марги 4 нафар шуда, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта дар бемористон бистарӣ шдудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Рӯзи 3-юми сентябри соли равон дар натиҷаи як садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" 4 нафар ҷони худро аз доданд ва чор нафари дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ тахминан соати 14:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Ландкрузер", Маскинов Карим, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Ш.Шоҳин аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба худрави "Нисан-Патрул", таҳти идораи Лутфуллоев Тоҳир, сокини шаҳри Хоруғ бармехӯрад.

Садама дар Иди Қурбон дар Рошқалъа: "Тангем" ба дарё сарозер шуду Гулҷони 51-сола ғарқ шуд

"Дар натиҷа, мусофирони худрав "Тайота-Ландкрузер", Раҳматхудоева Фазилат, истиқоматкунандаи ноҳияи Роштқалъа, Обидов Мирсобит, сокини шаҳри Истаравшан ва мусофирони худрави "Нисан-Патрул" Малишоев Одил, ва Саидманзаров Сайф, сокини ноҳияи Шуғнон аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", — афзуд ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ таъкид кардааст, ки мусофирони дигар Мирзошоева Ситора, Саидмаҳмадов Раҳматшо, сокинони ноҳияи Шуғнон, Ёрмаҳмадова Рамзия, сокини шаҳри Хоруғ, Гуломасенова Маҳбуба, сокини ноҳияи Роштқалъа ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.