Вазири фарҳанг: дар ҷомеаи навини тоҷикон китобу китобхонӣ мавқеашро гум накардааст

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии Рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр таҷлил мешавад, шодбош гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Орумбекзода дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки китобхонӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик мавқеашро гум накардааст.

"Боиси ифтихор аст, ки дар ҷомеаи навини тоҷикон низ яке аз меросҳои бузургтарини аҷдодони мо китобу китобхонӣ мавқеъ ва арзишашро гум накардааст", — таъкид намудааст вазир.

Ӯ яке аз рисолати асосии кормандони китобхонаҳоро ҷамъоварӣ, омӯзиш ва ҳифзу муаррифӣ намудани осори пурғановати фарҳангии куҳандиёрамон хондааст.

"Дар замони муосир таълиму тарбия масъалаи асосии ҷомеасозӣ гардидааст, чунки танҳо саводнокӣ, бомаърифатӣ ва маънавиёту ҳунар омили рушди гулгулшукуфии Ватан шуда метавонанд", — изҳор доштаст Орумбекзода.

Вазири фарҳанг рисолати бузурги кормандони китобхонаҳоро тарбия ва ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши таъриху маданияти тоҷик хонда, таъкид намудааст, ки ба ҳамин восита дар баланд бурдани маънавиёти ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон инчунин иттилоъ додааст, ки  4-уми сентябри соли 2018, соати 14 00 дар бинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба таҷлили Рӯзи китоб ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии "Библиомарафон"  таҳти унвони "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ" баргузор мегардад.