Ҷаримаи мансабдорони Душанбе барои партови хатарноки лампаҳои каммасраф

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе масъулини пойтахтро барои бетартибиҳо ҳангоми партофтани лампаҳои каммасрафу симобдор ҷарима бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои раёсат,  нисбати 23 нафар протоколҳои маъмурӣ  тартиб дода шуда, 22 ҳазору 250 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Як ҷавони тоҷик бухории каммасраф ва арзон ихтироъ кард

Нурулло Раҳимов, сардори раёсати  ҳифзи муҳити зисти Душанбе дар қатори ҷаримашудагон сардорони нозироти идоракунии хизматрасонии фонди манзилӣ ва сардорони муассисаҳои истифодабарии манзилӣ — Суҳроб Раҳматов, Шоҳрух Мадисоев, Меҳроҷиддин Қиёмуддинов, Хуршед Бобоев, Ҷовиддин Тешаев, Силсиламоҳ Азимова,  Зарофат Темурзода,  Алишер Баротов ва Абдулвосиф Ҳусейновро ном бурдааст.

Нашрияи "Ҷумҳурият", зимни баррасии мавзуъ навиштааст, ки дар  шаҳри Душанбе барои  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва симобдори корношоям дар ҷойҳои алоҳида 130 қуттӣ бо ишораю навиштаҷоти махсус  гузошта  шудааст.  Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори  корношоям  амал менамоянд, аммо аксаран шаҳрвандон онҳоро дар партовгоҳҳои муқаррарӣ мепартоянд.

"Мутаассифона, аксари шаҳрвандон фурӯзонакҳои симобдорро ҳанӯз ҳам бепарвоёна ба партовгоҳҳо мебаранд.  Дар бисёри ҳолат кори ба партовгоҳ бурдани партови манзили зистро калонсолон ба  наврасон вогузор менамоянд ва бо ин сабаб қоидаи ҷамъоварии фурӯзонакҳои симобдор риоя намегардад", — навиштааст нашрия.

Манбаъ таъкид намудааст, ки  реҷаи партофтани партовҳо, аз ҷумла лампаҳои симобдорро дар  пойтахт масъулони соҳа бояд таҳти назорати ҷиддӣ гиранд.