ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ, шаҳрванди Тоҷикистон дар таҷовуз ба номуси духтари 16 — сола дар шаҳри Чита айбдор мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ҳодиса 4 июни соли равон рух додааст.
"Духтари ноболиғ дар меҳмонии хоҳараш, ки бо марди зодаи Тоҷикистон ҳамзистӣ мекардааст, қарор доштааст. Марди муттаҳам дар ҳолати мастӣ аз набудани ҳамзисташ истифода карда, ба духтари ноболиғ ҳамла намуда, ба номусаш таҷовуз кардааст", ‑ омадааст дар иттилоияи Кумитаи тафтишотӣ.
Манбаъ афзуд, ки дар бораи ин ҳодиса ҷабрдида ба хоҳарбузургаш нақл кардааст ва ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурдааст.
"Муттаҳам тайи рӯзҳои аввали баъди ҷиноят талош кардааст аз мақомоти тафтишотӣ пинҳон шавад, вале аз ҷониби пулис боздошт гардид. Дар муҳлати тафтишот муттаҳам дар ҳабс қарор дошт", — иттилоъ дод Кумитаи тафтишотӣ.
Кумитаи тафтишотӣ афзуд, ки айбдоршаванда иттиҳоми алайҳаш эълоншударо иқрор накард ва даст доштанашро дар ҷиноят рад намуд.
Аммо мақомоти Русия бо тасдиқи айбнома парванда алайҳи марди тоҷикро ба додгоҳ равон кардаанд. Бар асоси айбе, ки алайҳи марди муттаҳам эълон шудааст, ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.