"Пойтахтро бубинед!: интизоранд, ки кай Рустам Эмомалӣ аз ин гузар мегузарад?" (АКС)

Гули Зард - рӯзноманигори тоҷик аз атрофи чойхонаи "Пойахт"- и Душанбе чанд акс мунташир кардааст. Дар он дида мешавад, ки қисми пеши бино тозаву озода ба назар расида, қафои он пур аз партов аст. Рӯзноманигор навиштааст, ки бӯйи ғализи ин ҷо "табъи ҳамаро хира мекунад"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Гули Зард, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳаллаи "Зебо"- и Душанбе, назди чойхонаи "Пойтахт" чанд акс гирифта, масъулин ва сокинонро барои ифлосии он интиқод кардааст, ки оё онҳо барои тоза кардани ифлосиҳо "гузари раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалиро  интизор бошанд".

Дар аксҳо дида мешавад, ки қисми пеши чойхона тозаву озода ба назар расида, дар ақиби он партовгоҳ ҷойгир шудааст.

1 / 3
Чойхонаи "Пойтахт" дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
2 / 3
Атрофи чойхонаи "Пойтахт", дар маҳаллаи "Зебо"-и Душанбе
3 / 3
Атрофи чойхонаи "Пойтахт" дар Душанбе

"Пеши бино оро додагӣ, аммо қафои иншоотро бубинед! Ахлотхонаро мемонад ва инҷо чунон буи ғализ ҳукмфармост, ки таъби болидаи инсон тирра мегардад", — менависад Гули Зард.

Рӯзноманигор изҳори умедворӣ кардааст, ки масъулин ва сокинон ба камбудиҳоро ба зудӣ батараф мекунанд.