Ҷузъиёти арақдуздиву ҳасибдуздии Шоҳин аз хонаи Ибодат дар нимашаб

Ҷавон аз торикии шаб ва хоб будани соҳибхона истифода бурда, 3 телефони мобилӣ, 2 шиша нӯшокии спиртии навъи “Куллер” арзишаш 15 сомонӣ, 300 грамм ҳасиби намуди “Сервилат” арзишаш 15 сомониро дуздида, ҷамъ ба маблағи умумии 1880 сомонӣ ба соҳибхона зарари моддии ҷиддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 37-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад, ки ба дуздии телефон, ҳасиб ва нӯшокии спиртӣ муттаҳам мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса муайян карда шуд, ки Ҳамроён Шоҳин, истиқоматкунандаи ҷамоати Ғулакандоз, деҳаи Самадов, рӯзи 16 август тахминан соати 02:00-и шаб бо мақсади дуздӣ, ба назди хонаи шаҳрванд Ҷабборова Ибодат Абдумавлоновна, омада ба воситаи девор ба ҳавлии ӯ ворид шудааст. 

Сипас номбурда аз торикии шаб ва хоб будани соҳибхона истифода бурда, бо тариқи пинҳонӣ телефони мобилии тамғаи "Самсунг" арзишаш 850 сомонӣ, телефони мобилии тамғаи "Вертекс" арзишаш 700 сомонӣ, телефони мобилии тамғаи "Нокия" арзишаш 300 сомонӣ, 2 шиша нӯшокии спиртии навъи "Куллер" арзишаш 15 сомонӣ, 300 грамм ҳасиби намуди "Сервилат" арзишаш 15 сомониро дуздида, ҷамъ ба маблағи умумии 1880 сомонӣ ба соҳибхона зарари моддии ҷиддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. 

Бо андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Ҳамроён Шоҳин дастгир карда шуда, аз ӯ телефонҳои мобилии "Вертек", "Самсунг" ва "Нокия" ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. 

Оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов нисбати Ҳамроён Шоҳин, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 244 қисми 2 банди "в", "г" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.