Иттиҳоду дили кушод: Мирзиёев ҳангоми тақдими ҷоиза ба тоҷикистониён чӣ гуфт? (АКС)

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба ходимони давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон ҷоизаю унвонҳои давлатӣ супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Мирзиёев изҳор дошт, ки чунин маросим бори нахуст дар таърихи кишвар сурат гирифта, изҳори умед кард, ки ин гуна маъракаҳо ҳамчун  рамзи иттиҳоду дили кушод ба ҳукми анъана хоҳанд даромад.

Ӯ бори дигар азмашро барои густариши муносибот бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан ҳамсояҳо таъкид намудааст.

1 / 4
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
2 / 4
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев награждает Кохиру Расулзода
3 / 4
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев награждает Сирожиддину Мухриддину
4 / 4
На церемонии вручения государственных наград Узбекистана

Зимни маросим Мирзиёев ба нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ордени "Фидокорона хизматлар учун"  (Барои хизматҳои фидокорона) тақдим намуд.

Ҳамчунин Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷкистон, Алӣ Муҳаммадиев, мудири шӯъбаи дастхатҳои Академияи улуми Тоҷикистон ва дигарон бо орденҳои "Меҳнат" — у "Дӯстӣ" сарфароз гардонда шуданд. Ба Давлатманд Холов ва Атҳам Холов — ҳунармандони номдори тоҷик унвони "Ҳунарманди мардумии Узбакистон" дода шуд.