Раисҷумҳур рамзи 27-солагии Истиқлолиятро тасдиқ кард

Ангораи мазкур барои корбарӣ ба тамоми вазорату идораҳои Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бинобар иттилои манбаъ, ангораи 27-солагии Истиқлолитро Академияи мусаввирии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Раисҷумҳур разми 27-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро тасдиқ кард

"Ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 27 — солагии Истиқлолияти давлатӣ истифода гардад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Рамз барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаҳои расмӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.