Овозхон Исмоилов, шоир Давлат Сафар: раисиҷумҳур ба фарҳангиёни тоҷик ҷоиза дод

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 6 арбоби санъат ва фарҳанги кишвар ҷоизаҳои давлатӣ гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баробари намояндагони соҳаҳои дигар арбобони фарҳангу санъати кишварро бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ кард.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур, овозхон Ҷамшед Исмоилов, муовини директории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" бо унвони ҳунарманди мардумӣ сарфароз гардонда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба 19 нафар рутбаҳои генералӣ дод

"Инчунин сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, шоир Давлат Сафар, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  Исфандиёр Ғуломзода, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Мастура Ортиқзода, директории Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Манучеҳр Шарифзода, директори Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов Баҳодур Давлатзода бо мукофоти гуногуни давлатӣ сарфароз гардиданд", — иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин бо амри Эмомалӣ Раҳмон 5 нафар соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, 3 нафар Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва 12 нафар соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 гардиданд.