Дар Русия марди тоҷике ҳамватанашро 30 корд зада, дар манзилаш гӯр кардааст

Дар вилояти Краснодари Русия шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми муноқиша ба як марди тоҷики дигар ӯро 30 корд зада,дар ҳавлии назди хонааш гур кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Кумитаи тафтишотии вилояти Краснодари Русия, нисбати шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон, ки ба таври ваҳшиёна ҳамватани худро кушта, ҷасадашро дар ҳавлии назди хонааш гур кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Ҳодисаи 11 август рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванди 34-солаи тоҷик, дар ҳолати мастӣ ба манзили муттаҳам дар деҳаи Медведовский ба меҳмонӣ меояд.

Ҳангоми муноқиша ҷавони тоҷик ба гардан ва қафаси синаи ҳамсояаш қариб 30 корд задааст. Сипас  ҷавон  бо ду рафиқаш ҷасади мардро бо пакету скотч печонда, дар ҳавлии назди хонааш гӯр кардааст. Дар сар задани ин ҳодисаро кумита тавзеҳ надодааст.

Ҷавонони айбдоршуда дар бораи ин куштор ба ҳеҷ кас хабар надода буданд. Дар бораи гум шудани шаҳрванди Тоҷикистон корфармояш ба пулис ариза бурдааст.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қотил дастгир шудааст.