Фармони Раҳмон барои додани орден ба Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30 август дар Қасри Миллат ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ходимони соҳаҳои гуногуни кишварро бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон  барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо Ордени "Зарринтоҷ" дараҷаи 2 сарфароз гардид.

Манбаъ афзуд, ки бо фармонҳои дигари раисиҷумҳур  1 нафар бо Ордени "Дӯстӣ", 10 нафар бо Ордени "Шараф" дараҷаи 2, 1 нафар бо Унвони фахрии "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", 1 нафар бо Унвони фахрии "Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон", 2 кас бо Унвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон", 18 нафар бо Унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон", 64 нафар бо Медали "Хизмати шоиста", 4 нафар бо "Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадрдонӣ карда шуданд.