ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Хуҷанд даҳ корманди як кӯдакистони хусусӣ баъд аз истеъмоли гӯшти гови қурбонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.
Вазъи саломатии чанд корманди кӯдакистони хусусии "Навбаҳор", воқеъ дар микрорайони 8-уми Хуҷанд рӯзи шанбеи 25-уми август баъди истеъмоли гӯшти гови қурбонӣ бад шуда, дар бемористони бемориҳои сироятӣ бистарӣ шудаанд.
Ба гуфтаи беморон гӯшти қурбонии гов баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 24-уми август ба кӯдакистон ҳадя карда шуд.
Кормандон гушти говро дар ғизои кӯдакон истифода накарда, байни ҳам тақсим ва ба хонаҳояшон бурданд. Баъд аз истеъмоли гушти гов ҳашт нафар ба бемористони касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд.
Тибқи иттилои ахир, ташхиси пешакии табибон, ки гӯё кормандони кӯдакистон мубталои бемории сӯхтанӣ шудаанд, тасдиқи худро наёфт. Ташхисҳо нишон доданд, ки кормандони кудакистон гирифтори стафилококк шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир, дарҳои кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд баста ва муҳр зада шудааст. Тафтиши ҳодиса аз тарафи додситон идома дорад.