Дар Суғд аввалин анҷумани соҳибкорони бурунмарзии ин вилоят баргузор мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 27 августи соли 2018, қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар даҳаи аввали моҳи сентябр Анҷумани I-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории соҳибкорони бурунмарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят рӯзҳои 6-8 сентябри соли равон аввалин анҷумани соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд баргузор мешавад.

Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  ахиран қарореро ба тасвиб расонидааст.

Шоҳҷоизаи фестивали “Атласу адраси Суғд-2018” панҷ ҳазор сомонӣ мебошад

“Тибқи қарори мазкур аз ҳисоби сардорони Раёсат, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар ташкилоту идораҳо кумитаи тадорукот барои ташкил ва гузаронидани Анҷумани I-уми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Суғд таъсис дода шудааст”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси қарори зикршуда кумитаи тадорукот вазифадор карда шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Анҷуман тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.