Аз таъзими Убайдуллоев то суоли Раҳмон аз масъулини рус: солҳои 30 мешуду ҳозир не?(ВИДЕО)

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо ҳамтои русиягиаш Валентина Матвиенко дар бораи фиристодани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон изҳори назар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Валентина Матвиенко дар ҳузури Убайдуллоев, омӯзгорон ва аъзои Шӯрои федералӣ гуфт, ӯро як изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон водор кард, ки ҷиддӣ аз пайи татбиқи фиристодани омӯзгорони рус ба навоҳии Тоҷикистон шавад.

Роҳи сафед: дидори Матвиенко бо омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон мераванд

Матвиенко иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни як мулоқот бо ӯ гуфт,  солҳои 30 юми асри гузашта, замоне, ки Русия, Иттиҳоди Шӯравӣ дучори мушкилоти зиёд буду шадидан ба кӯмак ниёз дошт, дар ҳар деҳаи Тоҷикистон як омӯзгор аз Русия буд.

"Наход ҳозир Русия натавонад, ки Тоҷикистонро дастгирӣ кунаду омӯзгорон фиристад?",  — масъалагузорӣ кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Матвиенко гуфт, маҳз чунин масъалагузории Раҳмон барояш калидӣ ва ҳалкунанда шуду ӯ ҷиддан аз пайи татбиқи лоиҳа гардид.

Ӯ гуфт, тақрибан ҳамаи омӯзгороне, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон рафтанд, ихтиёран барои соли дуюм монданд ва ин шаҳодати муваффақияти лоиҳа мебошад. Ба гуфтаи Матвиенко соли равон теъдоди омӯзгорони Русия дар Тоҷикистон беш аз 50 нафарро ташкил хоҳад дод.

Раиси Шӯрои федералии Русия зикр кард, ки мардуми Тоҷикистон солҳои ҷанг ҳазорҳо гуреза аз Русияро қабулу таъмин карданд. Ӯ аз омӯзгорони рус хост, фарҳангу анъанаҳои мардуми Тоҷикистонро омӯзанду эҳтиром кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки баъди суханронии пурмуҳтавои Матвиенко чизи наверо илова кардан мушкил хоҳад буд ва бо нимшӯхӣ афзуд, ки махсусан бидуни коғаз.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба  омӯзгорон изҳори миннатдорӣ карда, аз ҷо хест ва пешашон сари таъзим фуруд овард.

Зиндагиномаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон

Убайдуллоев гуфт, барои мо тоҷикону тоҷикистониён қадри омӯзгор бештар аз падару модар аст. Ӯ афзуд, дар забони тоҷикӣ калимаҳое, ки эҳтироми аз ҳама зиёдро фаро мегиранд, ин муаллим ва муаллима мебошанд.  

"Агар волидон моро ба дунё оваранд, ҷаҳонро тавассути роҳнамоии омӯзгорон мешиносем. Асру ҳазорсолаҳо мегузаранд, аммо мардуми Тоҷикистон хидмати омӯзгорони русро фаромӯш нахоҳад кард. Маҳз бо шарофати забони русӣ мо имрӯз бо ҳамсояҳо,- аз узбек то қирғизу қазоқ муошират мекунем", — гуфт ӯ.

Дар идома Убайдуллоев аз иродаю талоши Матвиенко тавсиф карда, изҳор дошт, ки мардон хафа нашаванд, аммо ӯ мардонатар аз баъзеи мо мардон мебошад.

Раиси Маҷлиси Миллӣ дар хитоб ба омӯзгорон гуфт, дари ӯ дар Душанбе ҳамеша барои омӯзгорон боз аст  ва Худо кунад, ки ин лоиҳа бе охир идома ёбад.