Шоми раисиҷумҳур дар "Кӯли ҷавонон": Раҳмон навсозии боғи 78-соларо писандид (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 28 август боғи фарҳангию фароғатии "Кӯли ҷавонон" - ро ба истифода дод, ки тайи 10 моҳи охир бозсозӣ шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, боғи "Кӯли ҷавонон", ки ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, инфрасохтораш куҳна шуда буд, ба макони муосири фароғатӣ табдил дода шуд.

Ба иттилои манбаъ ҳудуди боғ 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад  267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.

Дар "Кӯли ҷавонон" зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида шуда, се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғ ро зебою назаррабо гардонидаанд.

1 / 7
Боғи "Кӯли ҷавонон" дар Душанбе
2 / 7
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи "Кӯли ҷавонон" дар Душанбе
3 / 7
Ифтитоҳи боғи "Кӯли ҷавонон" дар Душанбе
4 / 7
Боғи "Кӯли ҷавонон" дар Душанбе
5 / 7
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз "Кӯли ҷавонон"
6 / 7
Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Кӯли ҷавонон"
7 / 7
Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Кӯли ҷавонон"-и Душанбе

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки як фавораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фавораи хурди боғи фарҳангию фароғатии "Кӯли ҷавонон" бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро  ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Феълан дар боғи "Кӯли ҷавонон"  70 адад курсиҳои гуногун, майдонча барои бозии кӯдакону наврасон ва барои машқҳои шиноварию сайёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ дастрас шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии боғи фарҳангию фароғатии "Кӯли ҷавонон" баҳои баланд дода, таъкид намудааст, ки ин Ватанро танҳо метавон бо садоқату вафодорӣ ва хизмати содиқона пойдору пешрафта гардонд.