Автобус афтид: ҳалокати ронандаи хатсайри Хуҷанд-Сургут ҳангоми ивази чарх

Ронанда ҳангоми иваз кардани чархи автобус зери он мондааст. Мард - шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Русия автобуси мусофиркашон ронадаи тоҷикро зер кардааст, ки дар натиҷа мард ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия  хабар медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, ронанда шаҳрванди Тоҷикистон ва 27-сола будааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ҳодиса 25 август рух додааст.

Бино бар маълумоти пешакӣ, мард мехостааст чархи нақлиётро иваз кунад, ки автобус ба болояш афтидааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

Кумитаи тафтишот шоҳидони ҳодисаро бозпурсӣ мекунад. Танҳо маълум аст, ки автобус мусофиронро аз Хуҷанд ба Сургут интиқол дода буд.