Ҳамааш айби қочоқбарон: раиси Фархор вазъро дар ноҳия ором гуфт

Мо шоҳиди чандин ҳодисаҳои ба ҳамин монанд гардидаем, ки дар муҳлати кутоҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор бартараф карда мешаванд, гуфт Сулаймон Вализода
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода вазъро дар ноҳия ором номид ва гуфт, ки вазъиятро дар Фархор гоҳо қочоқбарони афғон  ноором мекунанд.

Вализода дар маросими видоъ бо ду сокини ноҳия, ки аз дасти ҳамлагарони афғон кушта шуда буданд, иштирок кард. Вай аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба хонаводаи Амирхон Саидов ва Давлат Сангаков изҳори ҳамдардӣ кард.

"Азбаски ноҳияи Фархор дар наздикии сарҳад ҷойгир аст, гоҳ —гоҳе қочоқчиёни афғон ба хотири маводи мухаддир ва рабудани чорво сарҳадро убур карда, вазъро ноором месозанд", — гуфт вай.

Ба гуфтаи Вализода, ин гуна ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор бартараф карда мешаванд.

"Мо шоҳиди чандин ҳодисаҳои ба ҳамин монанд гардидаем, ки дар муҳлати кутоҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор бартараф карда мешаванд. Ҳоло вазъ дар ноҳияи Фархор ором аст ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти ин гурӯҳи мусаллаҳ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд", — афзуд вай.

Ёдрас мешавем, пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба РИА Новости хабар дод, ки эҳтимол меравад, ҳамлагарони афғон ба кишварашон фирор карда бошанд.

Барои ҳамин ҷустуҷӯҳо се рӯз аст, ки бенатиҷа мемонад, тавзеҳ дод вай.