ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон, ки 26 август ба Тоҷикистон ворид шуда, то ҳол пайдо нашудаанд, шояд ба Афғонистон баргашта бошанд, хабар дод ба РИА Новости намояндаи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон.
"Пас аз тирборон кардани мошине, ки дар он се ҷангалбон қарор дошта, яке аз онҳо тавонист аз ҷойи ҳодиса пинҳон шуда, марзбононро ҳушдор диҳад, қонуншиканони мусаллаҳ аз вақти қулай ва релефи минтақа истифода шояд дар марзи Афғонистон пинҳон шуданд", — гуфтаат намояндаи КДАМ.
Ба гуфтаи вай, эҳтимол меравад бо ҳамин далел кофтуков се рӯз идома дошта, натиҷае намедиҳад.
Пештар Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ дод, ки гуруҳи мазкури ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда, аз силоҳи автомат ва "гранатамёт" сӯи "Нива"-и ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушодаанд.
26 август, соати 15:00 аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" дар ноҳияи Фархор, як гурӯҳи 10-12 — нафарии афғонҳо ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шуданд",- омадааст дар иттилоияи мақомоти марзбонӣ.
Шахсони мусаллаҳ бо автоматҳои АК-47 ва "гранатомёт" ба як мошини ҳомили се шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ҳамла карда дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи мақомоти марзбонии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар пайи ҳамла кормандони хоҷагии ҷангал, Ҳамрохон Саидов, соли таваллудаш 1956 ва Давлат Сангинов, соли таваллудаш 1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус ба ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи манбаъ мусофири дигар, Сафархон Раҳмонов, соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори ноҳияи Фархор ба тарафи қамишзор фирор карда, ҷон ба саломат бурдааст.