Ҳикматулло донишҷӯ будааст: ҳувияти ронандаи дар Душанбе ҳалокшуда, маълум шуд

Пештар милисаи Душанбе аз шаҳрвандон даъват карда буд, ки дар муайян кардани ҳувияти ронандаи "БМВ", ки ба девор бархӯрда, ҳалок шудааст, кӯмак кунанд. Имрӯз ВУД хабар дод, ки ҷавон Ҳикмутулло ном дошта, донишҷӯи курси чоруми донишгоҳи аграрӣ будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз, 28 август хабар дод, ки ҳувияти ронандаи дар садамаи нақлиётӣ кушташударо муайян кард.

Ёдрас мешавем, пештар 27 август ниҳод аз шаҳрвандон барои муайян кардани шахсияти ҷавоне, ки дар садама ба ҳалокат расид, кӯмак хоста буд.

Гуфта мешуд, ҷавони тақрибан 22-25-сола 27 август, тахминан соати 01:05-дақиқа дар ҳудуди кӯчаи Ҳофиз Шерозӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори яке аз хонаҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов бархӯрдааст.

Ҳамин тавр, ҷавони кушташуда — Умарзода Ҳикматулло Неъматулло ном дошта, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ховалинг будааст.

ВУД менависад, ҳодиса маҷриди таҳқиқ қарор дорад.