ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, 27-уми август, тахминан соати 01:05 дақиқа, ронандаи шахсияташ номаълуми автомашинаи тамғаи "БМВ" аломати қайди давлатияш 8797СЕ01 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бинои истиқоматии №463-и кӯчаи Лермонтов бархӯрдааст.
Манбаъ мегӯяд, ронанда тақрибан 22 — 25 сол дошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти умури дохилӣ афзуд, ронандаи "БМВ" бо кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ҳаракат доштааст ва сабабҳои ба садама дучор шуданаш ҳам феълан номаълум мебошанд.
Раёсати ВУД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар дар бораи шахсияти ронандаи марҳум ягон маълумоте дошта бошанд, тариқи телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё телефони боварии милиса дар шаҳри Душанбе 221-15-00 занг зананд.