Шарҳи расмии ҳамла дар Фархор: 10-12 ҷангҷӯ ба хоки Тоҷикистон ворид шудаанд

Мақомоти марзбононии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамлаи 26 август дар ноҳияи Фархор аз ҷониби гуруҳи мусаллаҳи 10-12 нафарӣ сурат гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот иттилоъ дод, ки гуруҳи мазкури ҷангҷӯён аз қаламрави Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуда, аз силоҳи автомат ва "гранатамёт" сӯи "Нива"-и ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушодаанд.

Кумитаи амният: Тоҷикистон Афғонистонро бомбборон накардааст

"26 август, соати 15:00 аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" дар ноҳияи Фархор, як гурӯҳи 10-12 — нафарии афғонҳо ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шуданд",- омадааст дар иттилоияи мақомоти марзбонӣ.

Манбаъ афзуд, ки шахсони мусаллаҳ бо автоматҳои АК-47 ва "гранатомёт" ба як мошини ҳомили се шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ҳамла карда дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи мақомоти марзбонии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар пайи ҳамла кормандони хоҷагии ҷангал, Ҳамрохон Саидов, соли таваллудаш 1956 ва Давлат Сангинов, соли таваллудаш 1958, ки дар асоси иҷозатномаи махсус ба ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи манбаъ мусофири дигар, Сафархон Раҳмонов, соли таваллудаш 1992 истиқоматкунандаи ҷамоати Ҳисори ноҳияи Фархор ба тарафи қамишзор фирор карда, ҷон ба саломат бурдааст.

"Дар минтақаи сарҳадии "Ҳамадонӣ" ҳолати изтирорӣ эълон шуда, феълан амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи номаълуми афғон идома дорад", — эълон кардааст қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон. 

Толибон бо "гранатамёт" аз Дарқад парондаанд: фарзияи аввали ҳамла дар Фархор

Ахиран мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки ҳавопаймоҳои Тоҷикистону Русия ба волусволии Дарқади вилояти Тахор зарбаи ҳавоӣ задаанд.

Пойгоҳи хабарии Афғонистон, — "Тулуъ" аз қавли Муҳаммад Ҷовид Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии вилояти Тахор иттилоъ додааст, ки рӯзи якшанбе волусволии Дарқад ҳадафи мушакборон ва рӯзи душанбе мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ қарор гирифтааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ва Русия иддао дар бораи бомбборон кардани қаламрави таҳти назорати Толибон дар Афғонистонро рад карданд.