Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон наздик ба 2 млн. тонна мерасад

Дар соли равон истихроҷи ангишт ба 1 млн. 900 ҳазор тонна расонида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, дар кишвар аз аввали сол то 24 августи соли равон истихроҷи ангишт ба 988 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 67 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, содироти ангишт мувофиқи маълумотҳои фаврӣ, 27 ҳазор тонна ба маблағи 6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 24,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти расмии Хадамоти гумрук, воридоти ангишт то 30 июни соли равон 1087,0 тонна ба маблағи 1,5 млн. сомониро ташкил дода аст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бо дарназардошти зиёд шудани талабот ба ангишт дар Тоҷикистон дар соли равон истихроҷи ангишт ба 1 млн. 900 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд, ки назар ба соли 1991 шаш маротиба зиёд мебошад.

Ба гуфтаи вазорати саноати ва технологияи нави Тоҷикистон, ин нишондиҳанда дар таърихи ҷумҳурӣ зиёдтарин натиҷа ба ҳисоб меравад.

Тибқи омори расмӣ, то имрӯз 230 корхонаи саноатӣ ва энергетикӣ ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ бар ивази гази табиӣ истифода мебаранд, ки ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш додааст.