Кумитаи амният: Тоҷикистон Афғонистонро бомбборон накардааст

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ё Русия волусволии Дарқади вилояти Тахорро бомбборон кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон иддао дар бораи бомбборон кардани қаламрави таҳти назорати Толибон дар Афғонистонро рад карданд. 

Дар ин бора РИА Новости аз қавли Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.

Пойгоҳи хабарии Афғонистон, — "Тулуъ" аз қавли Муҳаммад Ҷовид Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии вилояти Тахор иттилоъ додааст, ки рӯзи якшанбе волусволии Дарқад ҳадафи мушакборон ва рӯзи душанбе мавриди ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ қарор гирифтааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ эҳтимолан ба Тоҷикистон ё Русия тааллуқ дошта, минтақаи таҳти назорати Толибон дар Дарқадро бомбборон кардаанд. Дар мавриди талафот дар пайи ин ҳамлаҳо иттилоъ рӯи даст нест, изҳор доштааст Муҳаммад Ҷовид. 

Толибон бо "гранатамёт" аз Дарқад парондаанд: фарзияи аввали ҳамла дар Фархор

Дар бораи ҳамлаи 26 август дар ноҳияи Фархор, ки ду кушта барҷой гузошт, мақомдори Афғонистон изҳор доштааст, ки ин кори дасти гуруҳҳои нашъаҷаллоб мебошад. 

Мақомоти Тоҷикистон иддао дар мавриди бомбборон кардани минтақаи Дарқадро рад намуданд.

Бар асоси иттилоияи аввалия ҳамлаи маргбори 26 август дар ноҳияи Фархор  кори дасти Толибон арзёбӣ мешавад.

Тавре ТоҷикТА хабар додааст, ҳамлаи Толибон ба "Нива"-и ҳомили ҷангалбонҳои тоҷик аз минтақаи Дарқади вилояти Тахори Афғонистон сурат гирифтааст. Бар асоси иттилоияи аввалия тирпаронӣ аз "гранатамёт" амалӣ шуда, дар натиҷа ду нафар кушта ва як нафар маҷруҳ шудааст.

Аз кушташудагон Амирхон Саидови 53-сола,  Давлат Сангакови 50-сола ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки Сафархон Раҳмонов дар ин ҳамла маҷруҳ гардидааст.

Марзбандии Тоҷикистон баъди ҳамлаҳои Толибон

То ҳол мақомоти Тоҷикистон расман ин ҳамларо шарҳ надодаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз таҷаммӯи ҷангиёни ифротӣ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дода, изҳор дошта буданд, ки ҳудуди 130 километри марзи Афғонистон бо Тоҷикистон таҳти назорати пурраи ҷангиёни ифротӣ қарор дорад.

Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки дар рӯбарӯи ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ, тақрибан 70 километр сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар самти вулусволии Хоҷағор, Дарқад, Хоҷа Баҳовуддин ва Янгиқалъаи вилояти Тахор таҳти назорати гуруҳҳои муташаккили Толибон қарор доранд.  Инчунин дар вулусволии Ишкамиш, Фарход ва Варсаҷи вилояти Тахор низ мавқеи гуруҳи Толибон ва ифротгароёни хориҷӣ мушоҳида гардидааст.