Боздошти мансабдори тоҷик барои сӯиистифода ва сӯзондани "экскаватор"-и давлат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти мансабдори тоҷик хабар дод, ки дар сӯиистифода ва расондани зарар ба давлат муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД,  боздоштшуда,  сокини 51-солаи шаҳри Истиқлол, сардори шуъбаи нақлиётии КВД "Нури Ховар" мебошад.

Манбаъ мегӯяд, муттаҳам 20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 17:40, аз ваколатҳои мансабии худ истифода намуда, берун аз соати корӣ экскаватори корхонаи мазкурро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

"Бинобар сабаби нодуруст истифода намудан дар дохили экскаватор сӯхтор ба амал омада, ба корхонаи мазкур ба маблағи 299 ҳазору 600 сомонӣ зарари калони моддӣ расонида шудааст", — омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки нисбати муттаҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.