Марде аз Бобоҷон Ғафуров раиси "Хайриён"-ро ба 2.790.708 доллар фиреб кард

Мард дар тӯли чор сол маблағҳои ҳангуфти соҳибкорро гирифта, дар ивазаш ваъда додааст, ки аз Қазоқистон барояш орду гандуми арзон меорад, аммо...
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Марде аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, мардро кормандони милиса дар ноҳияи Ваҳдат дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, мард бо баҳонаи аз Ҷумҳурии Қазоқистон фиристодани орду гандум, бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, директори ҶДММ "Хайриён" даромада, дар давоми солҳои 2010 то 2014 маблағи 2.790.708-доллари амрикоӣ гирифта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.