Дархост аз Вазорати маориф: кӯдакони ношунавои Хоруғ то ҳол синфхонае надоранд

Алъон дар Хоруғ синфхонаи таълимӣ барои кӯдакони ношунаво вуҷуд надорад ва мутахассисони соҳа бо хоҳиши волидон дар хона ҳафтае як маротиба ба таври инфиродӣ таълим медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мудири Маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Тоҷикистон Саттор Қувватов аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хоҳиш мекунад, ки барои кӯдакони ношунавои шаҳри Хоруғ як синфхона бунёд шавад, хабар медиҳад "Ховар".

"Алъон дар шаҳри Хоруғ ягон синфхонаи таълимӣ барои кӯдакони ношунаво вуҷуд надорад ва баъзе аз мутахассисони ин соҳа бо хоҳиши волидон барои фарзандони онҳо дар хона ҳафтае як маротиба ба таври инфиродӣ таълим медиҳанд", — таъкид кардааст вай.

Ба гуфтаи Саттор Қувватов таълими ибтидоӣ барои кӯдакони ношунаво зарур аст.

"Агар ин кӯдакон калон шаванд, омӯзиши забони ишора барояшон душвор гашта, аз муошират бо ҳамтоёни худ чӣ дар дохил ва чӣ берун аз он дар канор мемонанд", — афзудааст вай.

Шарифов аз Вазорати маориф хоҳиш мекунад, ки ниҳод дар ҳалли ин мушкилӣ кӯмак расонад.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд мактаб-интернатҳои махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунанд.

Забони ишора мисли забони гуфтугӯӣ ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ шудааст. Масалан забони ишораи тоҷикӣ, русӣ, франсавӣ ва америкоӣ ба як гурӯҳ шомиланд ва афроди ношунавои ин мамолик метавонанд бо ҳам муошират намоянд. Забони гуфтугӯӣ аз забони ишора комилан тавофут дорад.

Масалан ҳарчанд забони хаттию гуфтугӯии сокинони Америка ва Англия як аст ва шомили як гурӯҳ аст, аммо забони ишораашон ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо шудаанд. Вале сарфи назар аз ин агар кӯдакони ношунаво таълими ибтидоӣ дошта бошанд, забони ишораи ҳамтоёни худро аз кишварҳои мухталиф зуд ёд мегиранд.