Рустами Эмомалӣ барои рушди сайёҳӣ 67 ҳазор сомонӣ ҷудо кард

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор "Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020" - ро тасдиқ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар пойтахт як қатор чорабиниҳо амалӣ хоҳанд шуд.

Рустами Эмомалӣ Сарраёсати молияи шаҳрро муваззаф кардааст, ки  барои иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар соли 2018,  67 ҳазор сомониро ҷудо кунад. Инчунин дастур додаст, ки ҳангоми таҳияи буҷаи солҳои минбаъда, маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.

Шуъбаи рушди сайёҳии шаҳри Душанбе,  ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур таъин гардида, муваззаф шудааст, ки ҳар нимсола дар бораи корҳои анҷомшуда гузориши муфассал пешниҳод намояд.