Хуҷандиён дар пардохти ҷарима ба Хайрулло Мирсаидов кӯмак кардан мехоҳанд

Худи Хайрулло Мирсаидов, ки ба тозагӣ аз зиндон озод шуд, мегӯяд аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва барои "сафед" кардани худ, то зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд мехоҳанд ба Хайрулло Мирсаидов — рӯзноманигори тоҷик барои пардохти ҷарима кӯмак кунанд. Дар ин бора маъмурияти гурӯҳи "Ман Хуҷандро дӯст медорам"-и Фейсбук хабар додааст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки додгоҳи вилояти Суғд Хайрулло Мирсаидов —рӯзноманигори тоҷикро, ки ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо бастани 80 ҳазор сомонӣ ҷарима озод кард. Додгоҳи вилоят ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷандро пас аз пардохтани 124 ҳазор сомонӣ ҷуброн ба фоидаи давлат тағйир дод.

Ба гуфтаи аъзоёни гурӯҳи "Ман Хуҷандро дӯст медорам", онҳо ба манзили рӯзноманигор дар шаҳри Хуҷанд рафта, аз аҳволаш хабар гирифтаанд ва мехоҳанд ба хонаводаи Мирсаидов барои пардохти ҷарима кӯмак кунанд.

"Ба дидорбинии Хайрулло рафтем. Аҳволаш хуб аст. Худро ба даст гирифтааст. Бояд барои пардохти ҷаримаи вай маблағ  ҷамъ овард. Касе чанд пул тавонад, биёед, кӯмак расонем. Волидонаш пештар 124 ҳазор сомониро пардохт карда буданд. Бояд 80 ҳазор сомонии дигар ҷамъ овард. Ҳамагуна дастгирии шумо, як сомонӣ бошад ҳам,  кӯмак мешавад", — гуфта мешавад дар паёми маъмурияти гурӯҳ.

Пештар Хайрулло Мирсаидов дар сӯҳбати тахсассусӣ бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои исботи бегуноҳии худ то охир кӯшиш хоҳад кард.

Рӯзноманигор гуфт, ки аз ҳукми додгоҳҳои Хуҷанду вилояти Суғд розӣ нест.

Вай афзуд, нақша дорад сараввал асабҳояшро табобат кунад ва сипас ба фаъолияти рӯзноманигорӣ баргардад.