Шаҳрванди Русия дар Душанбе ба ташкили фоҳишахона муттаҳам мешавад

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар Душанбе шаҳрванди 50-солаи Русия ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона муттаҳам мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам — марди 50-сола муваққатан дар кӯчаи Севастополи шаҳри Душанбе истиқомат мекардааст.

"Номбурда, рӯзи 22-юми августи соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ гирифтааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда санаи 18-уми августи соли 2018 бо ҳамин роҳ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 21-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва зани 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор, барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100-сомонӣ гирифтааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.