Зану шавҳар дар Душанбе тифли навзодашонро ба 3000 сомонӣ фурӯхтанд

Зан дар таваллудхонаи рақами 3-уми Душанбе духтарак ба дунё оварда, бо шавҳараш маслиҳат кардааст, ки мефурӯшад ва аз як зани сокини Шаҳринав 3000 сомонӣ гирифта, духтарчаро додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки падару модаре дар шаҳри Душанбе тифли навзодашонро фурӯхтаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, қазия дар таваллудхонаи рақами 3-уми пойтахт ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, "зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ санаи 11-уми майи соли 2018 дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе кӯдаки ҷинсаш духтар таваллуд карда, онро бо маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш марди 36-сола, рӯзи 14-уми августи соли равон ба зани 33-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав, ба маблағи 3000-сомонӣ фурӯхтааст".

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.