Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои камабру бебориш дар назар аст

Обзор на город Душанбе. Здание на фоне гор
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати рӯзона 30-35 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ВМКБ ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 28-33 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3+8 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +32 + 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +15 +20 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.